Филиали Ассотсиатсияи “ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон маракаи ахборотии “Муҳаббат ин…”-ро, ки нуҳто паемҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ифтитоҳ намуд. Ин маъракаи ахборотӣ бо истифодабарии ВАО, аз он ҷумла, телевизион ва лавҳаҳои рекламӣ дар ҳудуди ш.Душанбе амалӣ мегардад. Мақсади асосии ин маъракаи мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ахолӣ ва беҳбуд намудани дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Дар доираи маракаи ахборотии «Муҳаббат ин…» сомонаи www.muhabbatin.tj оид ба ҳуқуқу вазифаҳои оилавии фард, суруд ва филми тасвирии «Рустам ва Малика» дохил мешаванд. Инчунин дар сомонаи номбурдашуда як қисми муайян барои маслиҳатҳои ҳуқуқии олӣ ҷудо шудааст. Айни замон аз 13-уми январ то 16-уми марти 2014 наворҳои кутоҳи ҳуқуқӣ дар «Шабакаи аввал» ва «ТВ Баҳористон» интиқол мегарданд.
Саволу ҷавобҳо
Моликияти муштараки зану шавхар байни онхо чи тавр таксим карда мешавад?
Тибки талаботи моддаи 34-35-и КО Чумхурии Точикистон амволе, ки зану шавхар дар давраи зиндагии якчоя ба даст овардаанд, моликияти муштараки онхо ба хисоб намеравад, дар бобати он, ки уро бо фарзандонаш бо манзил таъмин намояд чунин кайд карда шуд, ки агар онхо дар давраи зиндагии умуми хонаи истикомати ба даст наоварда бошанд -шавхар ухдадор нест, ки онхоро бо манзил таъмин намояд.
Баъд аз чудо шудани зану шавхар, зан барои дидани писар ба падараш рох намедихад. Чи тавр ин маъсаларо хал кардан мумкин аст?
Баробари бекор кардани акди никох падар метавонад дар назди суд масъалахои бо у мукаррар кардани чои зисти писар ё ки муайян намудани тартиб шудани муошират ба кудак дар назди суд бардорад.
Каблан, бо халномаи суди шавхараш барои пардохти алимент ба таъминоти 2-фарзандаш ухдадор карда шудааст, аммо минбаъд бинобар ошти шудан бо шавхараш дар асоси аризаи истехсолоти ичроиш катъ карда шудааст, айни хол боз муносибати оилавии у катъ гашта будааст ва мехохад фахмад бо кадом рох хукукхояшро баркарор намояд?
Зарурияти ба суд оиди руёнидани алимент такроран бо аризаи даъвоги мурочиат кардан мумкин нест, зеро суд каблан ин масъаларо байни хамин тарафхо оиди хамин масъала барраси карда карори дахлдор кабул карда шудааст, танхо зарур аст оиди аз нав бахаракат даровардани истехсолоти ичроиш ба суд бо ариза мурочиат намояд.
Агар меросгузор васиятнома нагузошта бошад чӣ мешавад?
Дар ҳоле, ки меросгузор васиятнома намегузорад, пас мерос мутобиқи қонун қабул карда мешавад. Қонун навбати ворисонро муқаррар мекунад. Ворисони навбати аввал амволи шахси вафоткардаро ба ҳиссаи баробар ба мерос қабул менамоянд. Ворисони навбати дуюм танҳо он вақт ба қабули мерос ҷалб карда мешаванд, ки агар ягон вориси навбати аввал вуҷуд надошта бошад ва ғайраҳо.
Лоиҳа аз ҷониби Хукумати Швейтсария маблаггузорӣ мешавад.
