
Як рӯзи боронӣ падару бародараш барои харид ба бозор равон шуданду аз он тараф ҷисми хуншору беҷонашонро ба хонаашон оварданд. Садамаи даҳшатовари нақлиёти ягон имконе барои зинда мондани онҳоро нагузошт. Он вақт Зарина 16 сол дошт. Бо сӯзу гудоз падари ба ҷон баробару бародарашро ба хонаи охираташон гусел намуданд. Пас аз сари падар борони мушкилию шикастҳо гӯё ба сари оилаашон рехт. Касе ба ин оилаи бесарпаноҳмонда кӯмак намекард. Зарина, ки акнун фарзанди калони хона ба ҳисоб мерафт, маҷбур шуд, мактабро тарк кунаду аз паи дарёфти ризқу рӯзии хонавода шавад.
Ҳамин тавр ӯ пас аз синфи 9 тарки мактаб намуд. Як сол дар бозори ноҳия нонфурӯшӣ намуда, каму беш бори рӯзгорро сабуктар менамуд. Пас аз як сол ҷавони аз худаш 7 сол калон бо ҳилаву найранг дилашро ба даст оварду ӯро ба никоҳаш даровард. Гарчанде модараш ба ин издивоҷ розӣ набуд, лекин ба хотири он, ки духтараш аз кӯи бадномӣ раҳоӣ ёбад, сукут намуд.
Аз рӯзи аввали оиладорӣ Зарина рӯзи хушро надид. Шавҳараш ба ӯ мегуфт, ки “туро ба он хотир ба занӣ гирифтам, ки ба роҳи бад қадам нагузорӣ”. Ӯ фикр мекард, ки духтарони ҷавоне, ки дар бозорҳо ба савдо машғуланд, зуд фирефтаи мардони бой шуда, ба роҳи бад қадам мегузоранд. Гӯё дилаш ба Заринаи сағера сӯхта бошад.
Аз рӯзи аввали зиндагӣ Зарина эҳсос кард, ки ӯ ба хонадони шавҳар на барои зиндагии осуда, балки барои таҳқиру озор дидан омадааст. Бо вуҷуди ин ба ҳама кирдору рафтори разилонаи шавҳараш сабру тоқат мекард, то номи бади бевагиро ба худ нагирад. Аз ҷабру зулми шавҳари ҷоҳил чанд маротиба қасди худкушӣ намуда, доруҳои зиёдеро фурӯ бурд. Аммо тақдираш баландӣ карду зинда монд. Бо ин ҳама азобу ситамҳо Зарина умедвори фарзанд шуд. Фикр мекард, ки таваллуди фарзанд зиндагияшро беҳ мекунад, аммо хато кард. Аз зарби мушту лагад буд ё таъсири доруҳои хӯрдааш, ки фарзандаш маъюб ба дунё омад. Дасту пояш кор намекард, боз гӯшҳояш вазнин. Духтарчаашро шавҳараш боре дар дасташ намегирифт. Зарина барои ҷигарбандаш хун мегирист. Охир ягона умедаш ин буд, ки маҳз ҳамин меваи умраш дар дили шавҳари бераҳмаш ҳисси инсониро бедор месозаду ӯ аз азобу уқубатфарзанд зиндагиашро беҳ мегардонад. Пас аз як сол боз соҳиби духтар шуд. Ин тифлаш ҳам бе нуқс ба дунё наомад, чашмонаш нобино буданд. Маъюбии фарзанди дуюм косаи сабри шавҳарашро лабрез кард ва ӯ Заринаю ду тифлаки маъсумашро аз хона ронд. Зарина ба ҷуз баргаштан ба кулбаи фақиронаи модар чораи дигаре надошт. Ӯ меандешид, ки наметавонад аз шавҳараш ҳаққи худу фарзандонашро талаб намояд, зеро онҳо расман аз ақди никоҳ нагузашта буданд ва ҳарду фарзандаш бо ному насаби ӯ сабти ном шудаанд. Аммо вақте ӯ ба ташкилоти ҷамъиятии «Мададгор»-и шаҳри Ваҳдат омад, дар дилаш шӯълаи умед фурӯзон гашт. Ҳуқуқшиноси марказ Гулсара Мирзоева ба Зарина ҳуқуқҳояшро оиди бо тартиби судӣ, дар асоси моддаи 50 Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани падарии шавҳараш нисбати фарзандашон, ҳамчунин рӯёнидани алимент дар асоси моддаҳои 80,81,83 Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонид. Ҳамчунин ҳуқуқшиноси марказ ба ӯ кӯмук намуд, ки дар асоси талоботи моддаҳои 134-135 Кодекси Мурофиавии Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд оиди муқаррар кардани падарӣ ва рӯёнидани алимент аризаи даъвогӣ пешниҳод намояд.
Мурофиаи судӣ ба фоидаи Зарина анҷомид. Ӯ тавонист, ки падарии шаҳварашро ба фарзандонаш исбот намояд ва барои тарбияи онҳо аз ӯ нафақа рӯёнад.