
- Ман хостам, ки духтарам бо номи нек ба шавҳар барояд. Охир, он замонҳо духтари қадрасро дар хона нигоҳ доштан барои хонаводаи бемард душвор буд. Мани муштипар ба лафзи мардии он нобакор бовар кардам. “Хор шудан намемонам, тори сар карда мегардам”, гуфта буд. Аммо нафаҳмидам, ки вай фиребгаре беш набудааст. Ӯ ҳатто барои расидан ба мақсади ғаразнокаш “зани ман 4 сол пеш мурдагӣ” гуфта буд.
Он мард Хушнударо ба хотири зебогияш гирифта буд. Чун аз зани аввалаш писар надошт, мехост, ки Хушнуда барои ӯ писар таваллуд кунад. Шаби никоҳ вай муллоеро оварда, Хушнударо никоҳ намуду худи ҳамон шаб бо худ гирифта ба як хонаи иҷора бурд. Ҳамон шаб вай симои аслии худро кушод, ба Хушнуда қоил шуд, ки зану фарзанд дорад. Хушнуда гирист, ҳатто қасди худкушӣ намуд, аммо бо андеша кард, ки ин амалашро модари пираш тоб оварда наметавонад. Ҳамин тавр ӯ ба тақдираш тан дод.
Шавҳараш 5 рӯз бо зани якумаш буду як ё ду шаб пинҳонӣ ба назди Хушнуда меомад. Пас аз ду моҳ Хушнуда умедвори фарзанд гашт. Ӯ бисёр мехост, ки писар таваллуд кунад, зеро ин талаб ва шарти пешгузоштаи шавҳараш буд. Аммо ӯ духтарчаи зебое ба дунё овард.
Шавҳари беандешааш:
-Нашудӣ! Ту барои ман бояд писар таваллуд мекардӣ!,- гӯён Хушнударо ба хонаи модараш бурда мегузораду хонаи иҷораро ба соҳибаш бармегардонад.
Хушнуда дар хонаи падар бисёр ранҷу азоб кашид. Хоҳаронаш ҳамеша бо ӯ ҷанг шуда таънааш мезананд, ки шавҳару зиндагиашро дошта натавонист. Хушнудаи ҳайрон чӣ кор карданашро намедонист. Ҳамеша ашк мерехту ашк мерехт. Аз фикри зиёд шираш хушк шуду ба духтарчааш имкони шир додан надошт. Шавҳараш гоҳ-гоҳе бо дасти холӣ ба суроғаш меомад. Духтарчааш ҳанӯз ҳафтмоҳа нашуда, Хушнуда боз умедвори фарзанд шуд. Ин маротиба дар хонаи падараш боз духтар ба дунё овард. Акнун шавҳараш ӯро тамоман фаромӯш карда буд. Ҳатто рӯи духтаронашро нигоҳ намекарду ба онҳо кӯмак намерасонд. Хушнуда бо ду духтар дар чорсӯи зиндагӣ сарсону саргардон буд. Ҳамеша таънаи се хоҳарашро, ки онҳо дар бозор савдо мекарданду оиларо мехӯрониданду мепӯшониданд, қарор дошт. Ӯ на ба ҷое рафта метавонисту на ба касе шикоят карда метавонист, зеро ҳуқуқи худашро намедонист. Ҳатто саводи кофӣ надошт, ки дар ягон ҷой кор кунад. Болои ин қадар ранҷу азоб духтаронаш зуд-зуд бемор мешуданд. Шавҳари бевиҷдону худобехабараш боре дасти кӯмак сӯяш дароз намекард. Хушнудаи зебо ба доми фиреби ноҷавонмарде афтода, ҳаёти худашро сӯхту ду гулдухтари бегуноҳро ба дунё овард, ки онҳо аз рӯзи таваллуд рӯи падарро надидаанд.
Хушнуда ашк рехта афсӯс мехӯрад, ки ҳуқуқҳои худашрову фарзандони бегуноҳашро ҳимоя карда наметавонад.
Ӯ ҳатто вақте ба ташкилоти ҷамъиятии «Мададгор»-и шаҳри Ваҳдат омад, умед надошт, ки ҳуқуқшиносони ин марказ ба ӯ кӯмаке карда метавониста бошанд. Охир ӯ на суроғаи аслии шавҳарашро медонисту на дар куҷо карданашро. Ҳарду тифлаконаш бошанд, ҳатто шаҳодатномаи таваллуд надоштанд.
Воқеан, бо чунин тақдири печдарпеч касе ҳам гумон намекард, ки қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ метавонанд Хушнударо аз вартаи ноумедиҳо бираҳонанду ӯро соҳиби ҳақ намоянд. Танҳо таҳлилҳои мушикофона ва дониши баланди ҳуқуқӣ метавонист Хушнудаю ӯ баринҳоро дар набарди ҳаққу ноҳақ дастболо намояд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳуқуқшиноси ин марказ Гулсара Мирзоева Хушнударо дилпур намуд, ки ҳанӯз тамоми умедҳо барбод нарафтаанд ва ӯ метавонад шавҳарашро ба баҳси судӣ кашида, ҳуқуқашро ҳимоя намояд. Ҳуқуқшинос ба Хушнуда фаҳмонд, ки ӯ метавонад бо тартиби судӣ, дар асоси моддаи 50 Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон падарии шавҳарашро нисбати фарзандашон муқаррар кунад ва дар асоси моддаҳои 80,81,83 Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳуқуқи талаби алиментро намояд.
Ҳамин тавр ташкилоти ҷамъиятии «Мададгор» ба Хушнуда кӯмук намуд, ки дар асоси талоботи моддаҳои 134-135 Кодекси Мурофиавии Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд оиди муқаррар кардани падарӣ ва рӯёнидани алимент аризаи даъвогӣ пешниҳод намояд.
Тавре интизор мерафт, Хушнуда дар ин мурофиа дастболо шуд, яъне аввал тавассути ҳуҷҷатҳое, ки бо кӯмаки ташкилоти ҷамъиятии «Мададгор» ҷамъ оварда буд, падари фарзандонаш будани шавҳарашро исбот намуд. Ҳамин чиз далели қотеъ шуд, ки ӯ барои тарбияи ду ҷигарбандаш аз шавҳараш нафақа рӯёнад.
-Аз як тараф мушкилоти рӯзгор, аз дигар тараф бесаводию надонистани ҳуқуқҳоям ҳамчун шаҳрванд маро дар ин чанд гирифтори азобу уқубат намуданд. Ташаккур ба ташкилоти ҷамъиятии “Мададгор”, ки дар ин самт ба ман кӯмак намуд. Бояд тақдири ман пеш аз ҳама ба падару модарон дарси ибрат шавад, ки нисбати ояндаи фарзандони хеш хунукназарӣ нанамоянд ва худи духтарон ҳам бояд биандешанд, ки надонистани ҳуқуқҳои шаҳрванди касро ба гумроҳӣ мебарад,- мегӯяд Хушнуда.