«ДАСТРАСӢ БА АДОЛАТ» ДАСТГИРИ МАРДУМ АСТ

Асосӣ / ҳуқуқ / «ДАСТРАСӢ БА АДОЛАТ» ДАСТГИРИ МАРДУМ АСТ
Маориф
Дар ҳуқуқ
Тӯли зиёда аз 8 моҳ мешавад, ки дар ҷумҳуриямон Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат» аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) амалӣ мегардад.

Мақсади лоиҳаи мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва кӯмаки ҳуқуқӣ расонидан ба онҳое мебошад, ки дар ҳалли проблеммаҳои оилавӣ ночор мондаанд.

Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат» ба ниёзмандон чӣ дод? Оё онҳое, ки ба ташкилотҳои ҷамъиятии дар асоси ин лоиҳа фаъолияткунанда муроҷиат намуданд, мушкилоти хешро ба пуррагӣ ҳал карданд?

Бо ҳамин суол мо бо чанде аз қаҳрамонҳои саҳифаи «Қиссаҳои ибратбахш» муроҷиат намудем.

Мушкиниссо, сокини шаҳри Қурғонтеппа:

-Моҳи апрели ҳамин сол вазъи нобасомони ҳаёти оилавиям маро водор намуд, ки барои ояндаи худу фарзандонам мубориза барам. Ростӣ дар аввал намедонистам, ки додамро ба кӣ гӯяму аз куҷо кӯмак талабам. Рӯзе тасодуфан дар ҳафтаномаи «Муҳаббат ва Оила» мақолаеро дар бораи тақдири зане аз ноҳияи Рӯдакӣ хондам, ки тақдираш мисли тақдири ман будааст ва ба ӯ ташкилоте бо номи «Мададгор» кӯмак намудаасту ин зан зиндагияшро аз нав оғоз кардааст.

Сипас, андешидам, ки шояд чунин ташкилот дар шаҳри мо ҳам бошад ва бо умеди гирифтани суроғаи он ба ҳафтанома занг задам. Хушбахтона, бо кӯмаки шумоён суроғаи ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппаро дастрас намудам. Хеле шодам, ки дар ин даргоҳ маро хуш пазироӣ намуданд. Маҳз бо кӯмаки ҳуқуқшиноси ҳамин ташкилот Ҳайдаршо Азимов ману фарзандонам аз даҳшати бесарпаноҳию дарбадар шудан раҳоӣ ёфтем. Ташаккур ба чунин ташкилотҳои хайрхоҳ, ки дар фикри кӯмаки мо барин корафтодаҳо ҳастанд.

Нурбибӣ, сокини шаҳри Ваҳдат:

- Албатта, мушкилоти ба сари ман омада ҳалли худро ёфт. Аввалан, ташаккур ба шумо акаҷон, ки суроғаи ташкилоти ҷамъиятии «Мададгор»-и шаҳри Ваҳдатро ба ман додед. Ҳуқуқшиноси ин марказ апаи Гулсара Мирзоева ба ман кӯмаки хеле зиёд намуданд. Вақте бо маслиҳати он кас тамоми ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда, ба суд аризаи даъвогӣ навиштам, қабл аз супоридани ариза андешае ба сарам омад, ки як бор аз ин амалам собиқ шавҳарамро огоҳ намоям.

Бо ӯ вохӯрдаму аз тасмимам огоҳ кардам ва барои исботи гуфтаҳоям ҳуҷҷатҳою аризаи даъвогиро нишон додам. Шавҳарам дар як лаҳза тамоман дигар шуд. «Ман зану кӯдаки мепартофтагӣ надорам»- гуфт.

Ростӣ, дар аввал бовараш накардам. Аммо баъд таваккал кардаму ҳамроҳаш рафтам. Бовар кунед, аҳли хонадон ҳама ба истиқболамон баромаданд. Шукри худо зиндагиамон ширу шакар. Мо ақди никоҳамонро барқарор кардем, ба фарзандамон ҳам шаҳодатнома гирифтем. Магар бахту хурсандӣ барои як зани тоҷик аз ин зиёд мешавад?

Фируза, сокини шаҳри Кӯлоб:

-Тақдир маро имтиҳони сахт намуд. Ҳанӯз арӯсаки навгул будам, ки хушдомани ҷоҳилу шавҳари ношукрам дар қиёми моҳи шарифи Рамазон маро аз хонаашон ронданд. Ғайри он ки маро сиёҳбахт намуданд, онҳо тамоми молу мулки арӯсиямро соҳиб шуданд. Вақте баъди як ҳафтаи ҷудоиямон ба хонаашон рафтам «Ту чӣ оварда будӣ, ки боз бо забони дароз «барои чизу чораам омадам» мегӯӣ? Шукр кун, ки ҳоло мо даъвои харҷу хароҷоти тӯйро накардаем!»- гӯён маро ронданд.

Баъди ин бо тавсияи хешу табор барои гирифтани маслиҳат ба Ташкилоти Ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»-и шаҳри Кулоб муроҷиат намудам. Ҳуқуқшиноси марказ Сайвалӣ Наврузов баъди шиносоӣ бо тақдири ман фаҳмонд, ки мувофиқи талаботи моддаҳои 34 ва 38 КО ҶТ молкияти муштараки зану шавҳар байни онҳо бо ҳиссаҳои баробар тақсим карда мешавад, аз ин рӯ ман ҳуқуқ дорам бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намоям.

Ҳамин як маслиҳати арзишманди акаи Сайвалӣ сабаб шуду ман молу амволи арӯсиямро соҳиб шудам.

Албатта, фаъолияти чунин ташкилоту созмонҳо дар ҷумҳуриямон ба фоидаи кор аст. Зеро аз як тараф онҳо ба муштариён кӯмаки ройгон мерасонанд, аз тарафи дигар маърифати ҳуқуқии мардум баланд мешавад.

Яндекс.Метрика
Тамос бо мо

Вы можете отправить нам письмо, и мы свяжемся с вами, как можно скорее.