ЧАРО ХУШДОМАН КЕЛИНРО БАД МЕБИНАД?

Асосӣ / Без рубрики / ЧАРО ХУШДОМАН КЕЛИНРО БАД МЕБИНАД?
Мегӯянд, ки як зумра хушдоманҳо бо келинҳояшон ҳеҷ гоҳ дӯст набуданду дӯстӣ карда ҳам наметавонистаанд. Ин ду нафар, яъне келину хушдоман чаро чунин ҳастанд, худашон медонанду Худо.

Вале воқеият ин аст, ки маҳз носозгорӣ байни хушдоману келин дар бисёр мавридҳо боиси хушунат дар оилаҳо, ҷудошавии зану шавҳар вабилохира зиндаятим шудани фарзандони бегуноҳ мегардад.

Чаро хушдоман келинро чашми дидан надорад? Чаро хушдоман ба келин рашк мебарад? Чаро хушдоман намехоҳад келинаш хушбахт бошад?

Бо чунин суолҳо мо ба якчанд занону духтарон муроҷиат намудем, ки фишурдаи он манзури шумо мегардад.

ХУШДОМАН ҚАСД МЕГИРАД

-Ба фикри ман зане, ки дар зиндагӣ, яъне дар давраҳои арӯсияш аз хушдоман ранҷу озори бисёр мебинад, ӯ низ ба келинаш чунин ранҷу азобро раво мебинад, ки инро як навъ қасд гирифтан мегӯянд. Ҳол он ки хушбахтии писари мо дар дасти келин асту келин тарбиятгари наберагони мо ҳасту мададгори аҳли оилаи мо.

Ҷумъаева Ситора, 50 сола, соҳиби се келин

САОДАТИ КЕЛИН САОДАТИ ПИСАР

-Медонам, ки бисёр модарон ба келинҳояшон рашк мебаранд. Ҳатто аз рашки зиёд келинро бо писарашон ҷанг меандозанд. Аммо ман ба ин кори хушдоманҳо ҳеҷ гоҳ розӣ нестам. Охир чаро мо келинро ранҷу озор диҳем, вақте ки Худо ӯро лоиқу насиби ҷигарбанди мо гардонидааст. Ман шукри Худо 4 келин дорам. Бо онҳо ба мисли модар рафтор мекунам. Медонам, ки саодати онҳо саодати писаронам мебошад. Сабаби рашк бурдану бад дидани келинҳоро аз ҷониби баъзе хушдоманҳо намедорам. Ростӣ, бо ин гуна хушдоманҳо вонахӯрдаам.

Ойишамоҳ, н. Данғара

ГАПҲОИ БОФТА

Дар бораи келин гап занам захмҳои дилам кушода мешаванд. Бо сад умеду орзу келин фаровардам, то ҷойи духтарамро дар хонаам пур кунад. Аммо аз рӯзе, ки ӯ ба хонаам қадам гузошт, аввал файзу баракат аз хонаам парид, баъд гапи хонаам ба берун баромад, дар охир худам аз хона берун шудам. Келинам дар пеши писарам шарт гузошт, ки ё ман ё модарат. Ман низ ба хотири хушбахтии писарам роҳи бозорро пеш гирифтам. Акнун бигӯед, ман чӣ хел ин келинро дӯст дорам?

Давлатбӣ

-Келинҳои ҳозира на ҳурматро медонанду на иззатро. Аз дасташон на кору бори хона меояду на аз давлат. Ман ду келине, ки кардам, ҳардуяш ноӯҳдабаро баромаданд. Онҳо ҳеҷ корро карда наметавонистанд, бар замми ин маро бо писаронам ҳамеша ҷанг меандохтанд. Охир хушдоман ҳам модар аст. Ман ба келинҳоям хӯрокпазиро худам ёд додам. Лекин барои ноӯҳдабароияшон як бор аз хона баромада рав нагуфтам. Хушдоман рашк дорад, хушдоман ҷанг мекунад, хушдоман келинро намехоҳад, ин гапҳо сохтаву бофтаанд. Як хел келине ҳаст, ки фиси биниашро пок карда наметавонаду дар ҳаққи хушдоманаш гап мебофад. Хушдоманҳоро бад накунанд, ки як рӯз худашон хушдоман мегарданд.

Хомӯшова Солеҳа, ш. Кӯлоб

АЗ ХОНА БЕРУНАМ КАРД

РАШКИ МОДАРӢ САБАБИ ХОНАВАЙРОНШАВӢ

Вақте келин карда меориву вай соҳиби писарат мешавад, пулу моли писаратро соҳибӣ мекунад, меҳри писаратро ба сӯи худ мекашад ва боз корҳои бисёри дигар, ки ба таври табиӣ рух медихад, боис мегардад, ки рашки баъзе модаронро орад. Охир фарзандро бо хуни ҷигар калон кунаду як духтари бегона омада ӯро гираду дар бари ӯ бошаду роҳати ӯро бубинад, чӣ тавр рашк набарад. Барои модар гоҳо сахт мерасад ва тоқати дидани онро надорад, ки пораи ҷонаш дигареро меҳрубонӣ мекунад. Ана, ҳамин чиз баъзан боиси ҳамдигарнофаҳмӣ дар миёни келину хушдоман мешавад.

Нурбибӣ, ш. Душанбе

Хонандагони азиз, чанд сол аст, ки дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат» амалӣ карда мешавад. Мақсади лоиҳаи мазкур ёрии ҳуқуқӣ расонидан ба ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар мебошад, ки ба чунин кӯмак ниёз доранд. Аз ҷумла, онҳое, ки дар оила ба хушунат гирифтор шудаанд, дар мавриди тақсимоти молу мулк, кӯмакпулӣ, мерос ва дигар масъалаҳои нозуки иҷтимоӣ ба маслиҳати ҳуқуқшиносони варзида ниёз доранд, метавонанд ба ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар доираи ҳамин лоиҳа фаъолият мекунанд, муроҷиат намуда, кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ гиранд.

Мақолаи мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат» омода гаштааст. Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат» аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) амалӣ мегардад.

Намоиши 2 тавзеҳот

  • Келин
    Ответить

    Дар ин холатхо келинхо хам гунахгоранд дар баъзе мавридхо келин мехохад хости худашро кунад вале хушдоман мехохад ба дили у кор кунем, вале мо келинхо хоcти худамонро мекунем, баъд чангу чанчолхо сар мешаванд чи хеле, ки дар русхо мегуянд в одной кухни ниможет быть две хозяйки барои хамин аз хамаи хушдоманхо хохиш мекардам, ки пеш аз хонадор намудани фарзанд аввал хонаи истикоматии уро алохида кунад.

  • sadbarg
    Ответить

    Асоси хонавайронии навхонадорон ин шояд худи ин созмонхост ки мохияти хонадориву оилабунёдсозиро то зехни духторон ва мардон бурда намерасонанд Аввалан агар мухаббат дар сари садокат мебуд ба ин ягон таъсири беруна осеб намерасонид Дар ин махали мо минтилитети моро низ ба инобат бигирифт Бузургони миллатм моро ки беназир хастанду осорашон оламшумул ки зодаву тарбия намудааст? Модари точик!!Имруз хушдоманхо русияханд Охир бо як шавхар хам муросо надоштагон хам хастанд-ку? Чаро мо дар асл мардонро дар канор гузоштем??? Чаро тахлил хамеш як самта?? Чаро модар писар ба камол мерасонад?? Ё бо ин семинару сухбатчахо тафаккури миллии моро олуда сохтан ?? Писар ва арус хушбахт бошанд бечора модару падар ногирову бемор шуд ки нигахбонаш кунад???Чаро лоик вох модар- гуфт Ин хам писари точик буд?? Ё модари точик барои модари арусу худи арус писар ба камол мерасонад??? Тарбияи наслхои мо куллан вайрон шудааст Тафаккурашон олудаи вируси хукукхохи Модар ба фарзандонаш нагуфт ки хукуки истирохат кардан дорад хоб кардан дорад Э сад дарег Мо хам келин будем САд афсус ки мо бо ин хама ба чамият хизмати хирсона накунем боз САломат бошед хонандагони андешахои мо

Яндекс.Метрика
Тамос бо мо

Вы можете отправить нам письмо, и мы свяжемся с вами, как можно скорее.