Оғози маъракаи ахборотии “Муҳаббат ин…”
Филиали Ассотсиатсияи “ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон маракаи ахборотии “Муҳаббат ин…”-ро, ки нуҳто паемҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ифтитоҳ намуд. Ин маъракаи ахборотӣ бо истифодабарии ВАО, аз он ҷумла, телевизион ва лавҳаҳои рекламӣ дар ҳудуди ш.Душанбе амалӣ мегардад. Мақсади асосии ин маъракаи мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ахолӣ ва беҳбуд намудани дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Дар доираи маракаи ахборотии «Муҳаббат ин…» сомонаи www.muhabbatin.tj оид ба ҳуқуқу вазифаҳои оилавии фард , суруд ва филми тасвирии »Рустам ва Малика»дохил мешаванд. Инчунин дар сомонаи номбурдашуда як қисми муайян барои маслиҳатҳои ҳуқуқии олӣ ҷудо шудааст. Айни замон аз 13-уми январ то 16-уми марти 2014 наворҳои кутоҳи ҳуқуқӣ дар «Шабакаи аввал» ва «ТВ Баҳористон» интиқол мегарданд.
Маракаи ахборотии «Муҳаббат ин…» дар чорчубаи лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат» аз ҷониби филиали Ассотсиатсияи «ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен» дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттахид, оғоз гаштааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа бо ташкилотҳои маҳаллии “ИНИС”, “Идораи Ҳуқуқи инсон ва риояи қонун”, “Маркази ҳуқуқи инсон”, “Мададгор”, “Лигаи занони ҳуқуқшинос” ва “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” ҳамкории зич дорад.
Лоиҳа аз ҷониби Хукумати Швейтсария маблаггузорӣ мешавад.
