Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ

Асосӣ / Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ
Моликияти муштараки зану шавхар байни онхо чи тавр таксим карда мешавад?
Тибки талаботи моддаи 34-35-и КО Чумхурии Точикистон амволе, ки зану шавхар дар давраи зиндагии якчоя ба даст овардаанд, моликияти муштараки онхо ба хисоб намеравад, дар бобати он, ки уро бо фарзандонаш бо манзил таъмин намояд чунин кайд карда шуд, ки агар онхо дар давраи зиндагии умуми хонаи истикомати ба даст наоварда бошанд -шавхар ухдадор нест, ки онхоро бо манзил таъмин намояд.
Баъд аз чудо шудани зану шавхар, зан барои дидани писар ба падараш рох намедихад. Чи тавр ин маъсаларо хал кардан мумкин аст?
Баробари бекор кардани акди никох падар метавонад дар назди суд масъалахои бо у мукаррар кардани чои зисти писар ё ки муайян намудани тартиб шудани муошират ба кудак дар назди суд бардорад.
Каблан, бо халномаи суди шавхараш барои пардохти алимент ба таъминоти 2-фарзандаш ухдадор карда шудааст, аммо минбаъд бинобар ошти шудан бо шавхараш дар асоси аризаи истехсолоти ичроиш катъ карда шудааст, айни хол боз муносибати оилавии у катъ гашта будааст ва мехохад фахмад бо кадом рох хукукхояшро баркарор намояд?
Зарурияти ба суд оиди руёнидани алимент такроран бо аризаи даъвоги мурочиат кардан мумкин нест, зеро суд каблан ин масъаларо байни хамин тарафхо оиди хамин масъала барраси карда карори дахлдор кабул карда шудааст, танхо зарур аст оиди аз нав бахаракат даровардани истехсолоти ичроиш ба суд бо ариза мурочиат намояд.
Дар кадом мӯҳлат ариза дар хусуси қабули мерос бояд пешниҳод карда шавад?
Ариза дар хусуси қабули мерос бояд дар муддати 6 моҳ аз рӯзи кушодашавии мерос пешниҳод карда шавад. Вақти кушодашавии мерос рӯзи вафоти меросгузор ё рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи судӣ дар хусуси вафоткарда эълон доштани ӯ эътироф карда мешавад. Дар мӯҳлати нишондодашудаи пешниҳоди ариза дар хусуси қабули мерос (шаш моҳ) инчунин бояд ариза дар бораи даст кашидан аз мерос пешниҳод карда шавад.
Агар меросгузор васиятнома нагузошта бошад чӣ мешавад?
Дар ҳоле, ки меросгузор васиятнома намегузорад, пас мерос мутобиқи қонун қабул карда мешавад. Қонун навбати ворисонро муқаррар мекунад.  Ворисони навбати аввал амволи шахси вафоткардаро ба ҳиссаи баробар ба мерос қабул менамоянд.  Ворисони навбати дуюм танҳо он вақт ба қабули мерос ҷалб карда мешаванд, ки агар ягон вориси навбати аввал вуҷуд надошта бошад ва ғайраҳо.

Саволи Шумо

Ваше имя (обязательно)

Ваш E-Mail (обязательно)

Тема

Сообщение

Лоиҳа аз ҷониби Хукумати Швейтсария маблаггузорӣ мешавад.
Яндекс.Метрика
Тамос бо мо

Вы можете отправить нам письмо, и мы свяжемся с вами, как можно скорее.